Ссылки доступа

Дар Туркманистон хонандагони расонаҳои мустақилро бозпурсӣ ва таҳдид мекунанд


Дар Туркманистон таъқиби шаҳрвандоне, ки барои гирифтани маълумот ба шабакаҳои иҷтимоӣ ё сомонаи расонаҳои мустақил ворид мешаванд, дубора оғоз шудааст.

Ба иттилои хабарнигори Бахши туркмании Радиои Озодӣ, яке аз ин ҳолатҳо ахиран дар шаҳри Туркманобод рух додааст. Сокини маҳаллиро ба пулис даъват карда, таҳдид кардаанд, ки барои алоқамандияш ба маводи сарчашмаҳои алтернативии иттилоъ аз озодӣ маҳрум хоҳад шуд.

Дар Туркманистон тақрибан тамоми воситаҳои ахбори ом давлатиянд.

“Дирӯз маро ба шуъбаи пулис даъват карда, барои ворид шуданам ба саҳифаи Радиои Озодӣ дар шабакаи иҷтимоии "Одноклассникӣ” бозпурсӣ карданд. Маро таҳдид карданд, ки зиндонӣ мекунанд”-, гуфт ҳамсуҳбати мо.

Ба гуфтаи ин шаҳрванди Туркманистон, ҳангоми бозпурсӣ ба ӯ рӯйхати матлабҳоеро нишон додаанд, ки вай зери онҳо “лайк” гузоштааст.

XS
SM
MD
LG