Ссылки доступа

Дар Қазоқистон зидди менингит воксинзании умумӣ роҳандозӣ намешавад


Аз оғози сол то кунун дар Қазоқистон 12 ҳолати марги одамон аз уфунати менингит ба қайд гирифта шудааст, хабар дод вазири тандурустии ин кишвар Елжан Биртанов. Ба гуфтаи вазир, аксари ҳолатҳои марговар ба сари вақт муроҷиат накардан ба духтурон рабт дорад.

Елжан Биртанов афзуд, сатҳи гирифторӣ ба ин беморӣ ҳанӯз ба "марҳилаи хатар" нарасидааст ва вай имкони доир кардани воксинзании сартосариро рад кард.

"Ҳафтаи гузашта ҷаласаи Кумитаи миллии машваратии бемориҳои сироятӣ баргузор шуд. Дар ҷаласа мутаххасисон ба хулоса расиданд, ки ба воксинзании умумӣ ҳоҷат нест", - афзуд вазир.

Ба гуфтаи Биртанов, дар ҳоли ҳозир 58 ҳолати гирифторӣ ба менингит ба қайд гирифта шудааст. "Аз ин шумор 12 тан фавтиданд. Аз шумори умумии гирифторшудагон 18 танашон кӯдакони то 14-сола ҳастанд. Аз шумори фавтидаҳо панҷ танашон то 4-сола ҳастанд", - гуфт вазир.

XS
SM
MD
LG