Ссылки доступа

Дар Гватемала даҳҳо одам қурбони хуруҷи вулқон шуданд


Дар Гватемала ҳангоми хуруҷи вулқони Фуэго на камтар аз 25 одам кушта, наздики 300 тани дигар захмӣ ва бештар аз ду ҳазор сокин кӯч дода шуданд. Дар ин бора ВВС хабар медиҳад.

Дар ҳоли ҳозир хуруҷи вулқон идома дорад ва шумори қурбониён мумкин аст, афзоиш ёбад, хабар медиҳанд мақомоти маҳаллӣ. Ба иттилои расонаҳо, дарёи оташ як деҳаро иҳота карда, сокинонро ба коми худ бурдааст.

Хуруҷи вулқон фаъолияти ягона хати парвоз ва фурудоии фурудгоҳи Ла-Аурорро барҳам зад.

Дар саросари Гватемала сатҳи "зард"-и хатар эълон шудааст.

Бино бар баҳогузории Институти миллии вулқоншиносӣ, забонаҳои вулқон то баландии 10 ҳазор метр аз сатҳи баҳр мерасад. Вулқони Фуэго дар фосилаи 40 километр аз пойтахти ин кишвар ҷойгир аст. Хуруҷи кунунии вулқон аз соли 1974 ба ин тараф яке аз хуруҷҳои хатарнок унвон мешавад.

XS
SM
MD
LG