Ссылки доступа

Чин ИМА-ро ба хориҷшавӣ аз тамоми созишномаҳои тиҷорӣ таҳдид кард


Чин таҳдид кард, ки агар Вашингтон нақшаҳои президент Доналд Трампро дар мавриди ҷорӣ кардани боҷҳои наву чораҳои дигар зидди Пекин иҷро кунад, аз тамоми созишномаҳои ҳамкориву тиҷорӣ бо ИМА даст хоҳад кашид.

Ба иттилои Reuters, изҳороти мақомоти Чин дар ин бобат рӯзи якшанбе, баъд аз он нашр шуд, ки даври навбатии гуфтугӯи намояндагони ду кишвар ба раҳбарии вазири савдои ИМА Уилбур Росс ва муовини раиси Шӯрои давлатии Чин Лю Хэ дар Пекин бенатиҷа ба поён расид.

Вале сухангӯи Вазорати умури хориҷии Чин Хуа Чунинг рӯзи душанбе гуфт, дарҳои кишвараш барои гуфтугӯ ва машварат бо ҷониби Амрико ҳамеша боз аст.

Reuters бо истинод ба нашрияи расмии China Daily навишт, "Трамп мегӯяд, дар муносибатҳои иқтисодии ИМА бо Чин адолат ва манфиатҳои дуҷонибаро ҷустуҷӯ дорад. Вале ӯ то ҳол талош кардааст, бо истифода аз бартариятҳои мавҷудаи иқтисодии ИМА дар ҳамкорӣ бо Чин танҳо манфиат ба даст орад". Нашрияи расмии дигари Чин - Global Times навишт, ки "гуфтугӯҳо наметавонанд ба таври якҷониба танҳо ба нафъи ИМА ба поён бирасанд".

Президенти ИМА борҳо гуфт, ки муносибатҳои тиҷории кунунии ИМА ва Чин ғайриодилона буда, барои Вашингтон манфиатовар нестанд.

Доналд Трамп дар пешорӯи ихтилофи назарҳо бо Чин ба воридоти пӯлод ва алюминий аз Иттиҳоди Аврупо, Канада ва Мексика боҷи нав ҷорӣ кард. Ин кишварҳо, ки ҳампаймонони ИМА ҳастанд, гуфтанд, омодаанд, дар посух ба молҳои амрикоӣ боҷ ҷорӣ кунанд.

XS
SM
MD
LG