Ссылки доступа

Путин қонуни таҳримҳои ҷавобӣ зидди ИМА ва ҳампаймононашро имзо кард


Владимир Путин
Владимир Путин

Президенти Русия Владимир Путин қонуни посух ба таҳримҳои ИМА ва кишварҳои дигари хориҷиро имзо кард, ки охирҳои моҳи май аз тарафи Шӯрои федератсия қабул шуда буд. Ин санад рӯзи душанбе дар портали расмии иттилои ҳуқуқии Русия нашр шуд.

Думаи давлатии Русия 22 май лоиҳаи қонуни мазкурро дар қироати севум ба тасвиб расонд. Ҳангоми баррасӣ дар палатаи поёнии порлумони Русия баъзе аз бандҳои лоиҳаи қонунро ҳазф карда, номгӯи баъзе аз маҳсулоту хидматрасониро бардоштанд. Ҳаққи муайян кардани онҳоро дар ихтиёри ҳукумат гузоштанд. Аз ҷумла, аз лоиҳаи қонун бандеро гирифтанд, ки воридоти доруро ба Русия маҳдуд мекунад. Ин дархости созмонҳои ғайритиҷорие буд, ки ба беморон кумак мекунанд.

Лоиҳаи қонуни чораҳои ҷавобӣ ба амалҳои ғайридӯстонаи ИМА ва кишварҳои дигари хориҷӣ 13 апрел ба Думаи давлатии Русия пешниҳод шуда буд. Дар шакли аввалияаш пешбинӣ мекард, ки воридоти маҳсулоти кишоварзӣ, ғизоӣ, спиртӣ, дору, ашёи хом ва тамоку ба Русия манъ ё маҳдуд карда шавад.

XS
SM
MD
LG