Ссылки доступа

Зарари сел дар Хатлон беш аз 2 миллион доллар ҳисоб шуд (видео)


Зарари сел ба чаҳор ноҳияи вилояти Хатлон, аз ҷумла Панҷу Фархор, беш аз 19,5 миллион сомонӣ (беш аз 2 млн доллар) ҳисоб шудааст.

Фаридун Давлатов – як масъули ҳукумати Хатлон – гуфт, кумисюни махсус охири ҳафтаи гузашта ҳисоби зарари расидаро ба поён расонд. "Ҳоло мақомот аз пайи расонидани кумак ба осебдидаҳо ҳастанд", - афзуд ӯ.

Боронгариҳои шадид ва сел дар ду ҳафтаи пеш дар Хатлон хонаи даҳҳо нафарро вайрон кард ва даҳҳо гектар замини кишти мардумро аз байн бурд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон гуфт, ки дар ин ҳодисаҳо ду нафар ҷон бохтаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода охири ҳафтаи гузашта дар як гузориши комил гуфт, сел дар ноҳияҳои Панҷу Фархор тақрибан 30 хонаро пурра вайрон карда, садҳо хонаву иншооти дигар ва заминҳои наздиҳавлигӣ, мактабу роҳҳои мошингард ва хатти интиқоли нирӯи барқро қисман хароб намудааст.

Селевой поток обрушился на село Бустон Вахшского района
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:00:50 0:00

Кумитаи Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар низ гуфтанд, дар пайи боронгариҳои рӯзҳои 16-21-уми май дар ҷануби Тоҷикистон 9 русто ва ду ноҳия зиёни ҷиддӣ дидаанд. Ин ду созмон мегӯянд, дар офатҳои табии моҳи май ба камияш шаш нафар ҷон бохта, беш аз ҳазор хонавода зарари ҷиддӣ дидаанд.

XS
SM
MD
LG