Ссылки доступа

Додгоҳи Боку ҳукми бастани сомонаи Бахши озарбойҷонии Радиои Озодиро бетағйир гузошт


Додгоҳи баррасии шикоятҳои шаҳри Боку ҳукми баста шудани сомонаи Бахши озарбойҷонии Радиои Озодиро дар ин кишвар бетағйир гузошт. Додгоҳ бо ин қарори худ аз иқдомҳои мақомоти Озарбойҷон, ки созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва кишварҳои ғарбӣ онҳоро маҳкум карда буданд, ҷонибдорӣ кард.

Додгоҳ 4 июн гуфт, қарори Вазорати нақлиёт, алоқа ва технологияи Озарбойҷон дар бораи бастани сомонаи Azadliq.org дар ин кишвар дуруст буда, тағйир нахоҳад ёфт.

Сомонаи Azadliq.org дар Озарбойҷон аз моҳи марти соли 2017 бо дархости додситонии кулли ин кишвар баста шудааст. Додситонӣ гуфт, ин сомона ба "амнияти миллӣ"-и ин кишвар хатар дорад.

Президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ Томас Кент 12 май гуфт, бастани сомонаи радио як бахши муборизаҳои ҳадафмандонаест, ки барои пешгирӣ аз бозтоби ҳодисаҳои Озарбойҷон дар радио равона шудаанд.

XS
SM
MD
LG