Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон оқибатҳои ғубори намакро бартараф мекунанд (видео)


Гуруҳи махсуси вазорати рушди инноватсионии Ӯзбекистон барои бартараф кардани оқибатҳои чангу ғубори намак ба вилояти Хоразми ин кишвар рафт. Вилояти Хоразмро ҳафтаи гузашта чангу ғубори баҳри Арал пӯшонд.

Коршиносони вазорат ба кишоварзони маҳаллӣ доруҳои истеҳсоли маҳаллии "Биосолвент" ва "ДАГ-1"-ро пешниҳод карданд. Ин доруҳо метавонанд, зироатро аз ғубори намак наҷот диҳанд.

"Доруҳои мазкур аз сӯи олимони ӯзбек ихтироъ шудаанд. Доруи "Биосолвент" дар миқдори ками об омехта ва ба ниҳолҳо пошида мешавад. Ин дору зироатро аз намакҳо пок мекунад", - хабар медиҳад маркази иттилоотии вазорати рушди инноватсионии Ӯзбекистон.

Пештар аз ин сокинони Қарақалпоқистон ва Хоразм шикоят карданд, ки ғубори намак на танҳо ба растаниҳо, балки ба сиҳатии одамон низ таъсир расонидааст. Деҳқонон гуфтанд, сабзавоту меваҳо ба хушкшавӣ шуруъ кардаанд.

Бахчевые культуры после соляной бури в Узбекистане
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:00:24 0:00

Ғубори намак аз минтақаҳои хушкшудаи баҳри Арал рӯзҳои 26-27 май қисмати ғарбии Ӯзбекистон ва минтақаҳои шимолии Туркманистонро пӯшонд.

XS
SM
MD
LG