Ссылки доступа

Чаро тоҷикон ба додгоҳи ҳакамӣ эътимод надоранд? (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Ахбори Озодӣ аз 4 июни соли 2018. (видео)

- Расиши ноқилҳои барқ - хулосаи ибтидоии сӯхтор дар "Султони Кабир". Бино ба хулосаҳои ибтидоӣ, сӯхтор дар бозори “Cултони Кабир”-и Душанбе аз “расиши ноқилҳои барқ” сар задааст. Дар сӯхтори шаби 2 июн беш аз 21 дӯкон ва анборҳои ин бозор ба коми оташ рафт.(видео)

- Додгоҳ даъвои Каромат Шарифовро рад кард. Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт рӯзи 4-уми июн даъвои раиси Ҷунбиши муҳоҷирони кории тоҷикро алайҳи се идораи давлатии Тоҷикистон, аз ҷумла вазорати умури дохилӣ рад кард (видео)

- Чаро тоҷикон ба додгоҳи ҳакамӣ эътимод надоранд? Ба ин суол ҳамкорони мо аз телевизиони "Настоящее Время" посух додаанд (видео)

- Эътироз бо доварон "Маҳфили зарифон"-ро нотамом гузошт. Як саҳнаи ҳаҷвӣ дар бораи қонуни пурбаҳси танзим дар Тоҷикистон, боиси бо баҳсу ҷанҷол анҷом ёфтани "Маҳфили зарифон" шуд (видео)

- “Дар пеши рӯзадорон ғизо нахӯранд, нимаурён нагарданд”. Бархе аз сокинони шаҳри Душанбе гуфтанд, ки эҳтироми афроди рӯзадор дар моҳи шарифи Рамазон ба ҷой оварда шавад (видео)

- My vision дар Душанбе. "Ба мушкили мардум рӯ биоред". Дар Тоҷикистон барои филмсозони ҷавон дар бахши синамои таҷрибавӣ озмуне бо номи My vision эълон шудааст (видео)

- Осиё: лоиҳаи қонуни пинҳонӣ. Мақомоти Қазоқистон бо лоиҳаи қонуни наве фаъолияти созмонҳои ғайридавлатиро мушкилтар карданд. Матни пурраи лоиҳаро аз ҷомеа пинҳон мекунанд. Дар Қирғизистон модари кӯдакони маъюб 10 сол аст, наметавонад диққати ҳукуматдоронро ба вазъи худ ҷалб кунад. (видеои Настоящее время)​

- Дар Қирғизистон модари кӯдакони маъюб барои ҷалби таваҷҷуҳи мақомот талош дорад (видео аз Директ)​

- Қурбониёни нави менингит (видео)​

- Деҳаи дурдасти беоб. Сокинони деҳаи Кауик барои оби нӯшокӣ маҷбуранд, 3,5 километр роҳро тай кунанд. (видео)

- "Мо дар СССР зиндагӣ надорем!" Ҷавонони тоҷик аз гирифтани иҷозат барои сафар ба хориҷ норозиянд. (видеои Настоящее время)​

- Комёбиҳои Юлия Путинтсева дар мусобиқоти Roland Garros. Имрӯзҳо дар шаҳри Порис мусобиқаи Roland Garros ҷараён дорад. Теннисбози қазоқ Юлия Путинтсева ба чаҳорякфинал роҳ ёфт. (нигористон)

- Дар минтақаи наздики баҳри Арал борони деринтизор борид (видео)​

- 12 соли зиндон бо ҷурми ҷосусӣ. Додгоҳи шаҳрии Москва рӯзноманигори украин Роман Сушенкоро, ки соли 2016 дар Русия дастгир шуд, бо ҷурми ҷосусӣ 12 сол аз озодӣ маҳрум кард. (видео аз Директ)

- Киев барои табодули 23 шаҳрванди Русия бо Сентсова ва маҳбусони дигари сиёсӣ омодааст. (видеои Настоящее время)

- "Пирӯзии тактикии мухолифон". Сиёсатшинос дар бораи интихоботи шаҳрдори Кишинев. (видеои Настоящее время)

- Беҳтарин аксҳои ҳафта аз Қрим. (нигористон)

- 129-умин солгарди таваллуд. Агар он чи дар шиносномааш навишта шудааст, рост бошад, пас Кока Истамбулова куҳансолтарин сокини Сайёра аст (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG