Ссылки доступа

Муноқишаи навбатӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон (видео)


Дар марзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бо ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд муноқиша рух дод. Сарраёсати нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон ин ҳодисаро як "иғво"-и навбатии аз пеш тарҳрезишуда номид.

Сарраёсати нирӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо нашри изҳорот гуфт, дар муноқишаи рӯзи 4-уми июн ҷониби Қирғизистон се марзбони тоҷикро дастгир ва онҳоро латту кӯб кардаанд. Ҳоло марзбонҳои тоҷик озод шудаанд.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, ҳодиса баъд аз зӯҳри 4 июн, пас аз он рух дод, ки ду шаҳрванди Қирғизистон мехостанд ба Тоҷикистон ворид шуда, молҳои худро фурӯшанд. Аммо марзбонони тоҷик монеи онҳо шуданд.

Ҷониби Қирғизистон иддао дорад, ки марзбонони тоҷик худсарона ба қаламрави он кишвар ворид шудаанд. Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон 5 июн бо нашри як изҳорот дар робита ба ин ҳодиса гуфт, ки 4 июн марзбонони тоҷик аз сарҳади Қирғизистон убур карда ва ба минтақаи маъруф ба "Майдони футбол, ки ба таври стихиявӣ тиҷорат анҷом мегирад, ворид шуданд.

Ба иддаои ҷониби Қирғизистон, барои ҳалли ин мушкил марзбонони қирғиз ба маҳали ҳодиса ҳозир шуданд, вале низомиёни тоҷик аз иҷрои дархостҳои онҳо сарпечӣ карда ва ба ҳаво тир кушоданд. Ба ҳамин далел, ба гуфтаи хадамот, марзбонони тоҷик боздошт шуданд.

Рустам Раҳматзода, муовини аввали раиси вилояти Суғд ва узви комиссияи муштарки байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба аломатгузории марз 5 июн гуфт, “шаби гузашта ба маҳалли муноқиша рафта, бо ҷониби Қирғизистон дар робита ба ин ҳодиса гуфтугӯ анҷом додем".

Вай дар шарҳи ҳодиса гуфт, пас аз онки марзбонони тоҷик монеи вуруди ду шаҳрванди Қирғизистон барои фурӯши молу колояшон дар ҳудуди Тоҷикистон шуданд, онҳо бозгашта ҳудуди 20 нафарро дар як мошин барои муноқиша бо сарҳадбонони тоҷик, ба маҳалли ҳодиса оварданд.

Ба гуфтаи Раҳматзода, дар пайи ин муноқиша, ҷониби қирғизҳо се марзбони тоҷику 4 автомати "Калашников"-ро бо худ ба Қирғизистон бурданд. Вай гуфт, ки ҷониби Қирғизистон пас аз музокироти шаби гузашта, ин се марзбони тоҷикро раҳо карданд. Муовини аввали раиси вилояти Суғд гуфт, ки дар ҳоли ҳозир додситониҳои ноҳияҳои марзӣ ин ҳодисаро мавриди омӯзиш қарор дода, вазъ дар ин маҳал ором аст.

XS
SM
MD
LG