Ссылки доступа

Фиристодаи ИМА аз Русия, Қазоқистон ва Қирғизистон дидан мекунад


Карл Риш, ёвари котиби давлатии ИМА дар умури консулгарӣ рӯзҳои 3 то 9 июн дар Русия, Қазоқистон ва Қирғизистон бо ҳамтоёнаш дидору гуфтугӯ мекунад. Дар ин мулоқотҳо масоили марбут ба консулгарӣ ва визаи ИМА баррасӣ мешавад.

Ҳамзамон, интизор меравад, ки вай дар маросими кушодашавии шуъбаи нави консулгарии ИМА дар шаҳри Москва ширкат мекунад.

Дар ҷараёни сафараш ба Москва Риш бо намояндагони вазорати корҳои хориҷии Русия мулоқот хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG