Ссылки доступа

Сарвазири пешини Қирғизистон ва шаҳрдори Бишкек ҳабс шуданд (видео)


Сафар Исҳоқов, сарвазири пешини Қирғизистон ва шаҳрдори пешини Бишкек Кубаничбек Қулматов, ки дар гузашта сардори Хадамоти давлатии гумрук низ буд, то охири тафтишот ба ҳабс гирифта шуданд.

Сафар Исҳоқов ва Кубаничбек Қулматов аз ҳамсафони наздики президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев ҳастанд. Қарори ҳабси ин ду сиёсатмадорро додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек рӯзи 5 июн содир кард.

Арестован бывший премьер-министр Сапар Исаков
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:01 0:00

Пештар аз ин нисбати Сафар Исҳоқов дар доираи парвандаи ҷиноии фасодкорӣ дар бозсозии маркази гармидиҳии шаҳри Бишкек айб эълон шуда буд. Исҳоқовро айбдор карданд, ки вай "замони сардори шуъбаи сиёсати хориҷии дастгоҳи президент буданаш манфиатҳои ширкати хориҷиро бароварда кардааст".

Исҳоқов гуфта буд, ки айбҳои эълоншуда "бетартибии комил" аст. Баъди бозпурсии шашсоата вай ба рӯзноманигорон гуфт, натавонист комилан бо айбнома шинос шавад.

Шаҳрдори пешини Бишкек Кубаничбек Қулматов дар ҳузури рӯзноманигорон гуфт, "ин суд набуд, балки мазҳака буд". Нисбати вай 18 май бо моддаи "Фасодкорӣ" айб эълон карданд. Манзилаш ҷустуҷӯ ва моликияташ ба ҳабс гирифта шуд.

Бино бар бовари тафтишот, Қулматов соли 2014 маблағи қарзиро дар ҳаҷми 2 миллион доллар, ки дар доираи амалисозии лоиҳаи "Навсозии маркази гармидиҳии шаҳри Бишкек" аз сӯи ширкати чинии ТВЕА ҷудо шуда буд, ғайриқонунӣ истифода бурдааст. Аммо Қулматов мегӯяд, бо айбҳои эълоншуда розӣ нест.

Кубанычбек Кулматов взят под стражу
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:03:19 0:00

XS
SM
MD
LG