Ссылки доступа

Дар Туркманистон куҳансолон дар гирифтани нафақапулӣ мушкил доранд


Дар Туркманистон аз замоне, ки пардохти нафақапулии нафақахӯрони аз 70-сола поёнро тариқи корти бонкӣ роҳандозӣ карданд, ин қишри ҷомеа ба мушкил рӯ ба рӯ шуд.

"Аз ибтидои моҳи ҷорӣ дар бонкҳо навбатпоии тӯлонии куҳансолонро дидан мумкин аст, ки наметавонанд нафақаашонро бигиранд. Онҳо шикоят доранд, ки нафақаи моҳи гузаштаашон дар корт интиқол дода нашудааст. Кормандони бонк мегӯянд, "мунтазир" шавед ва дигар ҳеч шарҳ намедиҳанд", - гуфт як нафақахӯр аз шаҳри Ишқобод.

"Ҳукумат бо мо вориди бозии ифлосе шуд. Мо аз даводави зиёд дар гармии 40-дараҷаӣ хаста шудем, намедонем, ки кадом бонкомат пул дорад ва кадомаш не. Чаро онҳо ин кортҳоро ба нафақахӯрон доданд? Ё ҳукумат мехоҳад, ки мо аз гуруснагӣ бимирем?" - гуфт як зани 60-сола.

Мақомоти Туркманистон шарҳ намедиҳанд, ки чаро пардохти нафақаро тавассути кортҳои бонкӣ роҳандозӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG