Ссылки доступа

Homestay дар Тоҷикистон. Як шаби меҳмондорӣ – то 20 доллар


Нархи як шаб меҳмондории сайёҳон дар кӯҳистони Тоҷикистон аз 10 то 20 доллар муқаррар шуд. Бар ивази ин нарх, ба меҳмон ҷойи хоб, ширу ҷурғот ва хӯрокҳои маҳаллӣ барои як шабонарӯз дода мешавад.

Масъулони ширкатҳои сайёҳӣ гуфтанд, бо муқаррар кардани ин нарх урфу одати мардуми маҳаллиро, ки маъмулан ба меҳмонон бепул хидмат мерасонданд, шикастанд. Ширкатҳои сайёҳӣ бо ёрии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар водии Зарафшон, Рашт ва Хатлон сокинонро тарғиб карданд, то хонаҳои худро ба Homestay (қабули меҳмон дар хона) табдил диҳанд.

Субҳиддин Маликов, сокини 30-солаи Марғеби Яғноби ноҳияи Айнӣ, гуфт, манзили зисташон дар роҳе қарор дорад, ки аз онҷо сайёҳон ба Искандаркӯл мераванд. Ӯ гуфт, пештар аз рӯи одати мардуми кӯҳистон ба сайёҳоне, ки дар нимароҳ мемонданд, ройгон хидмат мерасонданд. Баъдан, ширкатҳои сайёҳӣ барояш пешниҳод карданд, ки манзилашро ба “Homestay” табдил диҳад.

Субҳиддин гуфт, то табдили манзилаш ба “Homestay” ба чорводорӣ машғул буд. “Нархномаро тасдиқ карданд, ки аз ҳар сайёҳ то 20 доллар мегирем. Сайёҳон хӯрокҳои маҳаллиро дӯст медоранд. Аз гиёҳҳои тару хушк ва ширу дӯғ барояшон ғизо омода мекунем. Ҳамон маҳсулоте, ки ба шаҳр барои фурӯш бурда наметавонистем, инҷо ба сайёҳон мефурӯшем”, - гуфт ӯ.

Моҳлиқо Шарифзода, масъули Кумитаи Рушди сайёҳии Тоҷикистон гуфт, панҷ ширкати ҷаҳонгардӣ бо ёрии Барномаи рушди СММ дар чанд навоҳии Хатлон ва Суғд бо сокинон шеваи қабули сайёҳонро меомӯзанд, ки як бахшаш ташкили “Homestay” ҳаст.

“Ба сокинони ноҳияи Лахш, Ховалингу Балҷувон ва Панҷакенту Айнӣ бар асоси ин лоиҳа муносибат бо сайёҳон ва тарзи қабули меҳмонон ба роҳ монда шудааст. Сокинон ҳам тарҳи зиндагии худро хуб мекунанд ва ҳам сайёҳонро дар шароити хона меҳмондорӣ мекунанд”, - гуфт ӯ.

Дар Тоҷикистон ташкили “Homestay” кори нав аст. То ҳол дар вилояти Бадахшон хонаҳояшонро барои сайёҳон медоданд, вале дар минтақаҳои дигар ин чандон роиҷ набуд. Ҳоло теъдоди сокиноне, ки манзили зисти худро барои сокинон омода кардаанд, ба беш аз сад нафар расидааст. То соли гузашта ин шумора ба 50 нафар мерасид.

XS
SM
MD
LG