Ссылки доступа

Дар Қазоқистон ёдгориҳои "даврони гунҳо" ёфт шуд


Дар наздикии деҳаи Курайлӣ - 20 километрии Оқтеппаи Қазоқистон - гӯре пайдо шуд, ки дохилаш устухонҳои инсон ва аспро дошт.

"Ашёҳои аз дохили қабр пайдошуда ба даврони гунҳо рабт дорад. Лаҷоми апс, зеваролот барои сар, миёнбанд ва шамшере, ки аз оҳани зард, эҳтимолан тило сохта шудаанд, тақрибан ба асрҳои 2-4 пеш аз мелод рабт доранд. Ҳамчунин аз ин гӯр ашёҳои нуқрагин ва биринҷӣ пайдо шуд", - мегӯяд мудири осорхонаи вилояти Оқтеппа Майрам Дуйсенгалӣ.

Гӯри қадимиро Кайрат Исҳоқов, ронандаи экскаватор пайдо кард.

"Ман соғуи экскаваторро бардоштам, ки устухон пайдо шуд. Устухони одаму асп ва дигар ашёҳои оҳанин дар чуқурии 3 метр пайдо шуданд. Ман корро қатъ карда, сардорамро даъват кардам. Ӯ дар навбати худ пулисро даъват кард", - гуфт Кайрат Исҳоқов.

XS
SM
MD
LG