Ссылки доступа

Amnesty International: эътилоф масъули марги сокинони Раққа аст


Дар озодсозии шаҳри Раққаи Сурия аз террористони гуруҳи "Давлати исломӣ" аз сӯи артиши эътилофи бо роҳбарии ИМА дар тобистони соли гузашта садҳо сокини осоишта кушта шудааст. Дар ин бора дар гузориши нави созмони ҳомии ҳуқуқи Amnesty International зикр шудааст.

Amnesty International менависад, дар натиҷаи зарбаҳои эътилоф сокинони минтақаҳои сераҳолӣ дар муҳосира монданд. Манзилҳо ва зерсохтори шаҳр вайрон шуд. Бо вуҷуди ин, низомиён ба террористони гуруҳи "Давлати исломӣ" иҷозат доданд, ки бе муҷозот аз шаҳр хориҷ шаванд, омадааст дар гузориш.

Ба иттилои ҳомиёни ҳуқуқ, 90 дарсади зарбаҳоро ба шаҳри Раққа артиши амрикоӣ задааст. Ба қисмати боқимонда низомиёни Бритониё ва Фаронса масъул буданд.

Amnesty International зикр мекунад, ки нисбати амалҳои эътилоф ягон пажуҳиш сурат нагирифтааст ва ин созмон даъват дорад, ки бо моддаи вайрон кардани ҳуқуқи байналхалқӣ ва куштори сокинони осоишта таҳқиқ шуруъ шавад. Ба ҷуз ин, ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, бояд ба сокинони шаҳри Раққа ҷуброн пардохт шавад.

Гузоришнависон моҳи феврали соли ҷорӣ ба шаҳри Раққа рафта буданд. Онҳо аз 42 минтақае дидан карданд, ки бомбарон шуда буданд ва бо бештар аз 100 шоҳид гуфтугӯ карданд.

Гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" Раққаро соли 2013 ғасб карда буд. Эътилофи байналхалқӣ бо роҳбарии ИМА миёнаҳои тобистони соли гузашта ҳамла ба Раққаро шуруъ кард. Мухолифони демократии Сурия 17 октябри соли 2017 ин шаҳрро аз террористон озод карданд.

XS
SM
MD
LG