Ссылки доступа

Тоҷикистон воридоти тухмро манъ кард (видео)


Тоҷикистон воридоти тухми мурғро аз хориҷа манъ кардааст. Дар як матлаби маҷаллаи расмии Хадамоти гумрук гуфта мешавад, ки воридоти тухм бо талаби идораи "Тоҷикстандарт" ба кишвар манъ шуд.

Мақомот мегӯянд, ширкатҳои худи Тоҷикистон ба қадри кофӣ тухм истеҳсол мекунанд ва зарурат барои ворид кардани тухм аз хориҷа боқӣ намондааст.

Нозимҷон Нидоев, аълочии Хадамоти гумруки Тоҷикистон ва муаллифи матлаб гуфт, тасмими манъ кардани воридоти тухмро ӯ бар асоси гузориши худи идораи "Тоҷикстандарт" навиштааст. "Тоҷикстандарт" бозори тухм ва гӯшти мурғро тафтиш карда, аз натиҷаи он як гузориш таҳия карда буд. Фактҳое ки ман дар мақола истифода кардаам, аз ҳамон ҷо ҳаст", - гуфт ӯ.

Нидоев гуфт, рақамҳои омори ҳокист, ки тайи ду соли охир ширкатҳои ватанӣ тавони таъмин кардани бозорро бо тухм доранд. Ӯ гуфт, чун истеҳсоли тухм дар кишвар ба қадри кофӣ аст, "зарурате барои ворид кардани он аз хориҷа боқӣ намемонад".

Таджикистан ограничил ввоз импортных яиц
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:52 0:00

Нозимҷон Нидоев дар такя ба маълумоти оморӣ навиштааст, дар солҳои 2016-2017 дар Тоҷикистон 32 ширкат ва соҳибкори инфиродӣ ба воридоти тухм ба Тоҷикистон машғул будаанд. Ҳаҷми тухми воридотӣ аз 1000 тоннаи соли 2016 то ба 40 тонна дар соли 2017 коҳиш ёфтааст.

Мурод Ашӯров, сухангӯи идораи "Тоҷикстандарт" гуфт, воридоти тухми мурғ аз Ӯзбекистон ба хотири риоя нашудани меъёрҳои беҳдоштӣ манъ шуд.

XS
SM
MD
LG