Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон бо айби камсаводии донишҷӯён омӯзгоронро аз кор меронанд


Сатҳи саводнокии донишҷӯён ягона талаботе хоҳад шуд, ки фаъолияти профессорон ва омӯзгорони донишгоҳҳои Ӯзбекистонро баҳо хоҳад дод.

Дар ин бора дар фармони президенти он кишвар дар бораи чораҳои иловагии боло бурдани сифати таҳсил дар донишгоҳҳои Ӯзбекистон зикр шудааст.

Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон дастур дод, ки аз соли хониши 2019\2020 "ба фаъолияти профессорон ва омӯзгорони донишгоҳҳо танҳо бо назардошти саводнокии донишҷӯён баҳо дода шавад".

Бар асоси фармон, омӯзгороне, ки ба талаботи мазкур ҷавобгӯ нахоҳанд буд, аз кор ронда мешаванд.

XS
SM
MD
LG