Ссылки доступа

"Бонкирҳои сиёҳ"-и Истамбул роҳи нақд кардани маблағи кортҳои бонкии Туркманистонро пайдо карданд


Дар шаҳри Истамбули Туркия одамоне пайдо шуданд, ки маблағи кортҳои VISA-и бонкҳои Туркманистонро нақд мекунанд.

Онҳо аз муҳоҷирони туркман барои ин хизматашон музди 16-дарсадӣ меситонанд.

Эҳтимол меравад, афроде, ки ин хизматрасониро ташкил кардаанд, бо бонкҳои Туркманистон ҳамкорӣ доранд.

Муҳоҷирон мегӯянд, "бонкҳои сиёҳ" дар Истамбул бе маҳдудият маблағи кортро нақд мекунанд.

Дар шароите, ки истифодаи кортҳои бонкии Туркманистон маҳдудият дорад, хизматрасонии "бонкҳои сиёҳ" аз нуфузи зиёд бархурдор шудаанд.

XS
SM
MD
LG