Ссылки доступа

Ҳомиёни ҳуқуқ бори дувум аз хатнаи занон дар Русия хабар доданд


Ҳуқуқшинос ва ҳомии ҳуқуқи бунёди "Ташаббуси ҳуқуқӣ" Юлия Антонова ва муҳаққиқи Қафқоз Саида Сироҷиддинова бахши дувуми гузориши худ дар бораи таҷрибаи хатнаи занон дар Доғистон ва минтақаҳои ҳамсояи онро нашр карданд.

Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, ин таҷриба дар минтақаҳои куҳии ҷанубу ғарби Доғистон бештар дида мешавад. Онҳо мегӯянд, дар Доғистон солона "тақрибан ё дасти кам 1 ҳазору 240 духтарро хатна мекунанд". Бино ба омори аввали соли 2018, шумори аҳолии Доғистон ба беш аз 3 миллион нафар мерасад.

Бахши аввали гузориш соли 2016 нашр шуда, дар ҷумҳуриҳои Қафқоз ғавғоеро ба бор овард. Маҳз баъд аз нашри он муфтии Қафқози Шимолӣ аз хатнаи занон ҷонибдорӣ карда, гуфт, "ба хотири ҳалли мушкили фаҳшу бадахлоқӣ ин кор бояд дар тамоми ҷаҳон анҷом шавад".

Кормандони додситонии Доғистон баъд аз нашри гузориш тафтишотеро анҷом доданд, вале дар ниҳоят далелеро "пайдо" накарданд, ки хатнаи занонро дар ин минтақа тасдиқ кунад.

Женское обрезание: его делают многим женщинам в Дагестане
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:14 0:00

Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, хатнаи занон ин як "ҷарроҳии хусусӣ" буда, мантиқан низ ҳеч ҷабрдидае ба кормандони додситонӣ нахоҳад гуфт, ки ӯро дар кӯдакияш хатна кардаанд ё ин таҷриба ҳанӯз ҳам дар деҳаҳои онҳо анҷом дода мешавад. Ҳамчунин набояд интизор дошт, ки яке аз ҷабрдидаҳо ҷуръат карда, номи хатнагаронро ба мақомот мегӯяд.

Вале ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, бо тағйири назари мардон ба ин падида мешавад, онро ба пуррагӣ аз байн бурд. Ҳамчунин ба гуфтаи онҳо, раҳбарони диниву дунявӣ бояд ба таври оммавӣ хатнаи занонро маҳкум карда, ба қатъи он даъват нанмоянд.

Жертвы женского обрезания об операции: "Я лично своей девочке буду делать"
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:03:47 0:00

XS
SM
MD
LG