Ссылки доступа

Ваъдаи молики бозори "Султони Кабир" ба тоҷирон (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Ахбори Озодӣ аз 6-уми июни соли 2018. (видео)

- "Кӯдакони тоҷик дар Ироқу Сурия ҷабрдида ҳастанд". ЮНИСЕФ ё Бунёди атфоли Созмони Милали Муттаҳид хостори бархӯрди муносиб бо кӯдаконе шуд, ки аз урдугоҳҳои Ироқу Сурия ба Тоҷикистон оварда шудаанд (видео)

- Сӯхтор дар "Мерве"-и Душанбе. Баъд аз зӯҳри 6-уми июн каҳвахонаи маъруфи "Мерве" воқеъ дар маркази шаҳри Душанбе, ба коми оташ рафт. Кормандони ин каҳвахона гуфтанд, ки оташ аз дохили қаҳвахона аланга зада ва ба боми бино печидааст (видео)

- "Моҷарои рафта" - ёддоштҳои Абдухалил Холиқзода. Раиси ҳайати мудирони бемористони Ибни Сино ва соҳибкори шинохта китоби ёддоштҳояшро бо номи "Моҷарои рафта" нашр кард (видео)

- Ваъдаи молики бозори "Султони Кабир" ба тоҷирон. Роҳбарияти бозори “Султони Кабир” ба соҳибкорони зарардида аз сӯхтор гуфтаанд, қисман зарари расидаро барқарор мекунанд. Бар асари сӯхтор дар шаби 2-уюми июн ҳудуди 21 мағозаи ин бозор ба коми оташ рафт (видео)

- Макрон дар масъалаи Эрон аз эҳтимоли "сар задани низоъ" ҳушдор дод. (видео)

- Осиё: идомаи боздоштҳо ва авҷи менингит. Се боздошти пурсарусадо дар се рӯз. Собиқ сарвазир, шаҳрдори пешини Бишкек ва вазири пешини энергетикаи Қирғизистон ба СИЗО интиқол ёфтанд. Ҳамаи онҳо ба фасодкорӣ айбдор мешаванд. (видеои Настоящее время)

- Барои чи муҳоҷирони корӣ ин тобистон аз сафар ба Русия ҳарос доранд. Муҳоҷирони корӣ метарсанд, ба шаҳрҳои Русия, ки мизбони бозиҳои Чемпионати футболи ҷаҳонанд, сафар кунанд. (видео аз Директ)

- Ёдгориҳо аз қабри "қадимӣ" (видео)

- Осорхона зери осмони кабуд. Дар наздикии шаҳри Чолпон-Ота осорхонаи кушода фаъолият мекунад (видео аз Директ)

- Дар Русия онҳоеро, ки барои тамошои Чемпионати ҷаҳон меоянд, бо чи метарсонанд? (видеои Настоящее время)

- Миллионерҳои ҷавони Қирғизистон - кистанд онҳо? Қисми 2 (видео)​

- Дар минтақаҳои наздики баҳри Арал борони деринтизор борид. (видео)

- Русиягиҳо аз Путин чӣ мехоҳанд? (видеои Настоящее время)

- 1500 чартрбоз дар Қрим – нақшаи Вазорати дифои Русия. (видео аз Директ)

- Ӯ барои марг омодааст – вакили дифоъ дар бораи гуруснанишинии Сентсов. Коргардони зиндонии украин Олег Сентсов дар Русия 14 май бо талаби озодии тамоми маҳбусони сиёсии кишвараш аз зиндонҳои Русия гуруснанишинии бемуҳлат эълом кард. (видео аз Директ)

- Пурҷилотарин аксҳои ҳафта аз Қрим (нигористон)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG