Ссылки доступа

Дар таркиши анбори аслиҳа дар Бағдод на камтар аз 16 одам кушта шуд


Дар шаҳри Бағдоди Ироқ шаби 6 июн дар натиҷаи таркиши анбори аслиҳа ҳадди ақал 16 одам кушта ва даҳҳо тани дигар маҷруҳ шудааст.

"Анбори аслиҳа таркид... Мақомоти амниятӣ сабабҳои таркишро муайян мекунанд", - хабар доданд мақомоти Бағдод.

Ба иттилои пулис, дар анбори аслиҳа мумкин аст, тирҳои гранатомет таркида бошанд. Дар ин ҳодиса ҳадди ақал 16 одам кушта ва бештар аз 90 тани дигар ҷароҳат бардоштааст. Миёни кушташудаҳо занону кӯдакон низ ҳастанд.

Таркиш дар маҳалли шианишин рух дод. Шоҳидон мегӯянд, дар маҳалле, ки таркиш рух дод, сокинонаш ҷонибдори пешвои шӯришгарон Муқтадӣ Садр ҳастанд.

Дар интихоботи порлумонии 12 май дар Ироқ блоки Садр аксари курсиҳои порлумонро соҳиб шуд.

XS
SM
MD
LG