Ссылки доступа

Вакили қирғиз хост, ба изҳороти сафири Туркия дар бораи мактабҳои "Сапат" посух диҳанд


Вакили порлумони Қирғизистон Абдуваҳҳоб Нурбоев изҳороти сафири Туркияро дар бораи муассисаҳои таълимии “Сапат” дахолат ба умури дохилии кишвараш номид. Ба гуфтаи ӯ, дипломатҳои қирғиз бояд фавран ба изҳороти сафири турк посух диҳанд.

“Сафири Туркия изҳороти тунд дода, хост, дар Балиқчӣ мактаби “Сапат” боз нашавад, чун ба муносибатҳои Қирғизистону Туркия метавонад осеб расонад. Ин изҳороти ӯ дахолат ба умури дохилии Қирғизистон шумурда мешавад. Вазорати умури хориҷии мо бояд ба он посух диҳад”, - гуфт Нурбоев 6 июн дар ҷаласаи порлумон.

Сафири Туркия дар Қирғизистон Женгиз Камил Фурот ахиран дар суҳбат бо яке аз расонаҳо гуфт, Анқара аз боз шудани мактабҳои “Сапат” дар Балиқчӣ норозӣ аст ва он метавонад ба сафари қарибулвуқуи президент Раҷаб Эрдуғон ба Бишкек таъсир расонад.

Туркия соли 2016 аз мақомоти Қирғизистон даъват кард, ки фаъолияти “гюлениҳо”-ро дар ин кишвар манъ кунанд. Раҳбарияти он вақтаи Қирғизистон ин талаби Анқараро рад кард. Алмосбек Отамбоев, президенти пешини Қирғизистон гуфт, мақомоти турк ба умури дохилии кишвари онҳо дахолат мекунанд.

Дар Қирғизистон як қатор муассисаҳои таълимиву хайрияе ҳастанд, ки ба пайравони руҳонии мухолифи турк Фатҳулло Гюлен тааллуқ доранд. Бузургтарини онҳо шабакаи муассисаҳои таълимии “Себат” аст, ки соли 2017 ҳамчун созмони маҳаллӣ дар Қирғизистон сабти ном шуда, унвони “Сапат”-ро гирифт.

XS
SM
MD
LG