Ссылки доступа

Душанбе ва Бишкек истифодаи силоҳро дар муноқишаҳои марзӣ манъ карданд


Аз ин ба баъд дар муноқишаҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон истифода аз силоҳ манъ шуд. Мақомоти ду тараф ба созиш расиданд, ки танҳо дар сурати таҳдиди воқеӣ ба саломатӣ ва ҷони марзбонҳо, низомиён аз силоҳ истифода хоҳанд кард.

Хадамоти марзбонии Қирғизистон гуфт, тавофуқ 6 июн дар мулоқоти раҳбарони марзбонии ду кишвар дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд ҳосил шуд.

Ҳайати Тоҷикистонро дар мулоқот фармондеҳи нерӯҳои марзбонӣ генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва тарафи Қирғизистонро раиси Хадамоти марзбонии он кишвар полковник Уралбек Шаршеев раҳбарӣ карданд. Дар мулоқот вазъи феълии марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон баррасӣ ва аз такрори моҷароҳо дар марз низ ибрози нигаронӣ шудааст.

Дар изҳороти Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон омадааст, ки ҳар ду ҷониб муваззаф шуданд, дар таҳқиқи қазияҳои марбут ба истифода аз силоҳ, ё расонидани зарари ҷисмонӣ ба марзбонон, ба ниҳодҳои тафтишотӣ кумак кунанд.

Рустам Раҳматзода, муовини аввали раиси вилояти Суғд ва узви комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 6-уми июн бидуни ироаи тафсилот ин мулоқотро умедворкунанда номид. Ӯ гуфт, “ҷониби Тоҷикистон тарафдори хуб боқӣ мондани муносибат бо ҳамсояҳо аст. Ин мулоқот дар фазои якдигарфаҳмӣ баргузор шуда, натиҷаҳояш хуб хоҳанд буд”.

Як манбаи огоҳ аз қазия бидуни зикри номаш 6 июн гуфт, дар мулоқот ҳеҷ як ҷониб гунаҳкор будани худ дар сар задани муноқишаро эътироф накард. Вале дар поёни мулоқот ваъда додаад, ки ҳодисаро мунсифона таҳқиқ мекунанд. Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, сарбозоне, ки ба асорати марзбонони қирғиз афтода буданд, аз ҷониби додситонии низомии вилояти Суғд бозпурсӣ мешаванд.

Муноқишаи навбатӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 4 июн, пас аз он рух дод, ки ду шаҳрванди Қирғизистон хостаад, ба қаламрави Тоҷикистон ворид шуда, молу колояшонро ба фурӯш гузоранд. Марзбонҳои тоҷик монеи онҳо шуданд. Нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон ҷониби Қирғизистонро дар сар задани низоъ дар сарҳади ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Лайлак гунаҳкор карда, онро аз қабл тарҳрезишуда номид.

XS
SM
MD
LG