Ссылки доступа

Пулиси молии Қирғизистон коргоҳи KAZ Minerals Bozymchak-ро тафтиш кард


Хадамоти давлатии мубориза зидди ҷиноятҳои иқтисодии Қирғизистон дар коргоҳи ширкати KAZ Minerals Bozymchak тафтиш гузаронд. Ин ширкат ба коркарди кони Бозимчаки вилояти Ҷалолободи Қирғизистон машғул аст.

Жайил Дадиев, намояндаи расмии KAZ Minerals Bozymchak гуфт, пулиси иқтисодӣ ҳуҷҷатҳои марбут ба пардохти андозро дар ҳаҷми 55 миллион сом (наздики 805 ҳазор доллар) тафтиш кардааст. Ба гуфтаи Дадиев, ширкат дар ҳоли ҳозир тибқи реҷаи муқаррарӣ фаъолият мекунад.

55 миллион сом аз суратҳисоби KAZ Minerals Bozymchak ба суратҳисоби амонатии пулиси иқтисодӣ интиқол дода шудааст. Ҳоло интизор меравад, додгоҳ бояд ҳал кунад, ки ин маблағро ба фоидаи давлат мерӯёнад ё ба ширкат бармегардонад. Баррасии додгоҳӣ 2 июл шуруъ хоҳад шуд.

Пештар аз ин пулиси иқтисодӣ дар бораи пардохти андози иловагӣ дар ҳаҷми 55 миллион сом аз сӯи ширкати KAZ Minerals Bozymchak хабар дода буд. Ба иттилои мақомот, ширкати мазкур сар аз соли 2014 ба ин тараф барои истихроҷи консентрати мис андоз месупорад, на истихроҷи тило. Пулиси иқтисодии Қирғизистон мегӯяд, ширкат аз соли 2015 ба ин тараф 9,7 миллион тон консентрати тилоро аз кишвар ба хориҷ бурдааст.

Илёс Тулекеев, мудири кулли KAZ Minerals Bozymchak рӯзи 26 май дар фурудгоҳи Бишкек боздошт шуд, аммо баъдтар додгоҳ ӯро раҳо кард.

XS
SM
MD
LG