Ссылки доступа

Боздошти писари генерал Ширинов бо гумони қатли ҳамсари пешинаш


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон 7 июн хабар дод, ки Бобоҷон Ширинови 33-сола, котиби пешини Додгоҳи олии иқтисодиро бо гумони қатли ҳамсари собиқаш Моҳира Ятимова боздошт кардааст.

Ҳодиса шаби 6 июн дар ҳудуди ноҳияи Синои пойтахт рух додааст. "6 июн, тахминан соатҳои 22-40, ба беморхонаи шаҳри Душанбе, шаҳрванд Ятимова Моҳира Аҳлиддиновна, соли таваллудаш 1985, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе бо ҷароҳатҳои халандаю бурранда дастрас карда шуд, ки аз ҷароҳатҳои бардошташуда ба ҳалокат расидааст", - омадааст дар иттилоияи ВКД.

Як манбаъ дар ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон 7 июн гуфт, ин ҷуфт ду сол пеш аз ҳам ҷудо шуда, додгоҳ тарбияи се кӯдакро ба мард дода буд. "Онҳо барои кӯдакон ва амвол баҳси тӯлонии додгоҳӣ доштанд. Ҳамон бегоҳ Моҳира Ятимова барои дидорбинии кӯдаконаш меояд. Сӯҳбати онҳо ба ҷанг мепечад ва Бобоҷон Ширинов ба ӯ бо корд ҳамла намуда, аз ҷойи ҳодиса фирор мекунад. Зан дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид", - гуфт мусоҳиби мо.

Бобоҷон Ширинов ва Моҳира Ятимова ҳарду ҳамдарс буда, соли 2007 риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардаанд. Пас аз хатми донишгоҳ бо ҳам издивоҷ карданд, вале тафтишот муайян кардааст, дар давоми ду соли баъди аз ҳам пошидани оила даъвоҳои онҳо тамом нашудааст.

Бобоҷон Ширинов, писари Раҷабалӣ Ширинов, собиқ муовини раиси Оҷонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон аст. Генерал Ширинов соли 2015 аз ин мақом барканор шуд.

XS
SM
MD
LG