Ссылки доступа

Аз Остона хостанд, барои раҳоии Султонбек аз маҳбаси Чин кумак кунад (видео)


Наздикону пайвандони Ертай Султонбек аз вазъи саломатӣ ва амнияти ин қазоқтабор дар маҳбаси Чин нигаронанд. Онҳо дар арафаи сафари президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба Пекин дар шаҳри Алмато нишасти хабариеро баргузор карда, аз Остона дархост карданд, ки дар раҳоии Султонбек кумак кунад.

Ба гуфтаи наздикони Султонбек, ӯ 25 май дар Чин боздошт шуда, то ҳол тақдираш номаълум аст. Бародараш Женисбек мегӯяд, боздошти Султонбек ба номае рабт дорад, ки аз номи Назарбоев дарёфт карда буд.

"Султонбек соли 2007 як шеъри худро ба Нурсултон Назарбоев бахшид ва онро нашрияҳои ҷумҳуриявии Қазоқистон нашр карданд. Соли 2008 президенти Қазоқистон бо ирсоли як нома ба муаллифи шеър миннатдорӣ баён кард", - гуфт фаъоли мадании қазоқ Серикжон Биляш дар нишасти хабарӣ.

Наздикони Султонбек гуфтанд, бо баргузории ин нишаст мехоҳанд, таваҷҷуҳи мақомоти Қазоқистонро дар ҷараёни боздиди Назарбоев аз Чин ба қазияи ӯ ҷалб кунанд. Ба гуфтаи онҳо, саломатӣ ва амнияти Султонбек дар маҳбаси Чин дар хатар буда, ӯ аз "маркази бозомӯзии сиёсӣ"-и ин кишвар зинда нахоҳад баромад.

Ин бори аввал нест, ки қазоқҳои Чин барои раҳоии наздикони худ аз мақомоти Қазоқистон дархости кумак мекунанд. Вазорати умури хориҷии Қазоқистон мегӯяд, дар бораи 177 шаҳрванди Чин, ки наметавонанд ба назди пайвандони худ ба Қазоқистон бираванд, номаи шикоятӣ дарёфт кардааст.

XS
SM
MD
LG