Ссылки доступа

Путин: "иғвоҳои Украина пайомади нохуш хоҳад дошт" (видео)


Президенти Русия Владимир Путин таҳдид кард, ки агар Киев дар рӯзҳои баргузории Чемпионати ҷаҳонии футбол ҳамлаҳои худро ба мавзеъҳои ҷудоихоҳони рӯ ба Кремл пурзӯр кунад, барои давлати Украина оқибатҳои сангине хоҳад дошт.

Вай дар посух ба суоли нависандаи рус Захар Прилепин, ки дар Донбасс ба ҷонибдорӣ аз ҷудоихоҳон меҷангад, гуфт, умедвор аст, "кор то ба ин гуна иғвогарӣ нахоҳад расид".

Путин раҳбарияти кунунии Украинаро ба он айбдор кард, ки наметавонанд, мушкили Донбассро ҳал кунанд. Ба гуфтаи ӯ, Русия ҷонибдори иҷрои созишномаи Минск аст, вале Украина барои он чандон алоқамандӣ нишон намедиҳад.

Ӯ русиягиҳову украиниҳоро ду мардуми бо ҳам бародар номида, гуфт, онҳо "ояндаи муштарак" доранд. Путин ҳамчунин ба пурсишҳои гурезагони вилоятҳои Луҳанску Донетск дар бораи мақоми онҳо дар вилояти Ростов посух дод. Вай гуфт, ҷонибдори он аст ки раванди дарёфти шаҳрвандии Русия барои намояндагони "халқҳои бародар" сабуктар бошад.

XS
SM
MD
LG