Ссылки доступа

Туркманистон вайронкунандагони қонуни муҳоҷиратро авф мекунад


Ҳукумати Туркманистон масъалаи авфи шаҳрвандонеро баррасӣ дорад, ки қонунгузории муҳоҷиратро вайрон кардаанд. Ин меъёр ба туркманистониҳое рабт мегирад, ки дар хориҷ аз кишвар ҳузур доранд ва натавонистаанд, сари вақт шиносномаи биометрии Тукрманистонро дарёфт кунанд.

Ҳукумат дар назар дорад, муҳоҷироне, ки ихтиёран ба кишвар бармегарданд, аз ҷавобгарӣ озод хоҳанд шуд. Мақомоти Туркманистон меъёрҳои мазкурро ба шаҳрвандон шарҳ медиҳанд.

Шиносномаи биометрӣ, ки соли 2013 дар Туркманистон ҷорӣ шуд, ягона ҳуҷҷате аст, ки барои шаҳрвандони он кишвар ҳаққи хориҷ ва дохил шуданро медиҳад.

Замони ҷорӣ кардани ин ҳуҷҷат бисёре аз туркманистониҳо дар хориҷ ҳузур доштанд ва то кунун шиносномаи биометрӣ дарёфт накардаанд.

XS
SM
MD
LG