Ссылки доступа

Қирғизистон интиқоли мавсимии нирӯи барқро ба Ӯзбекистон идома медиҳад


Бишкеку Тошканд ба созиш расиданд, ки интиқоли тобистонаи нирӯи барқи Қирғизистонро ба Ӯзбекистон идома ёбад. Дар ин бора ширкати "Истгоҳи барқӣ"-и Қирғизистон иттилоъ дод.

Интиқоли нирӯи барқи Қирғизистон ба Ӯзбекистон имсол аз 8 июн оғоз шуда, то моҳи август идома хоҳад ёфт. Ҷамъан бояд 500 млн киловат соат нирӯи барқ бо арзиши 2-сентӣ интиқол дода шавад.

Ҳаҷми ҳаррӯзаи интиқоли нирӯи барқ вобаста ба тавонмандии техникӣ ва оби воридшуда ба обанбори Тухтагули Қирғизистон хоҳад буд.

Қирғизистон тобистони соли 2017 ба Ӯзбекистон 1142 млн киловат-соат нирӯи барқ содир карда буд.

XS
SM
MD
LG