Ссылки доступа

Швейтсария тақдири дороиҳои ҳабсшудаи Гулнора Каримоваро ифшо намекунад


Масъалаи бозпас додани 810 миллион доллари марбут ба духтари калонии президенти пешини Ӯзбекистон Гулнора Каримова ба Тошканд тақрибан мусбат ҳал шудааст. Ин пулҳо ҳоло дар бонкҳои Швейтсария ба ҳабс гирифта шудаанд.

Як манбаи наздик ба гуфтугӯҳои намояндагони Тошканду Берн гуфт, мақомоти Швейтсария алоқаманданд, ки ҳар чи зудтар ин пулҳои марбут ба духтари Ислом Каримовро ба ҳукумати Ӯзбекистон таслим кунанд.

"Гуфтугӯҳо хеле тӯл кашида истодаанд. Дар баробари Ӯзбекистон ИМА ва қарздорони ширкати Zeromax барои ин пулҳо талош доранд. Вазорати молияи ИМА мегӯяд, Каримова ва шариконаш бо истифода аз низоми бонкии ин кишвар ва доллари амрикоӣ тақаллубкориҳои молӣ анҷом додаанд ва бинобар ин, як қисми пулҳо ба Вашингтон тааллуқ доранд. Қарздорони Zeromax ҳанӯз натавонистанд исбот кунанд, ки молики ширкат Каримова аст ва бинобар ин, шонси онҳо барои дарёфти пулҳо камтар аст", - афзуд мансабдори швейтсарӣ.

Беш аз 20 ширкати аврупоӣ бо Zeromax GmbH дар доираи иҷрои бузургтарин тарҳои ба монанди бунёду бозсозии Қасри форумҳо ва варзишгоҳи "Бунёдкорон" дар шаҳри Тошканд қарордоди ҳамкорӣ имзо кардаанд. Ин ширкатҳо мегӯянд, молики Zeromax Гулнора Каримова ҳаст ва талош доранд аз ҳисоби пулҳои ҳабсшуда қарзҳои худро рӯёнанд.

Бино ба иттилои дарёфтии Бахши ӯзбекии Радиои Озодӣ, ҳукумати Швейтсария бо гузашти ним сол мутмаин шудааст, ки соҳиби асосии пулҳои мазкур ҳукумати Ӯзбекистон аст.

Хадамоти матбуотии додситонии Швейтсария аз ифшои ҷузъиёти парванда худдорӣ карда, мегӯяд, тафтиш идома дорад. Дар Вазорати умури хориҷии Швейтсария гуфтанд, ки санҷиши парванда ҳанӯз ба поён нарасидааст.

Дар бораи тақдири худи Гулнора Каримова додситонии кулли Ӯзбекистон бори охир 28 июли соли 2017 иттилоъ дод. Ба пояи он, додгоҳи Тошканд моҳи августи соли 2015 Каримоваро бо ҷурми саркашӣ аз пардохти андоз, сохтакории ҳуҷҷат, тамаъҷуӣ ва дуздӣ ба 5 соли зиндон маҳкум кардааст.

XS
SM
MD
LG