Ссылки доступа

Дар Қирғизистон бештар аз 50 зиндонӣ бо нишони эътироз гуруснанишинӣ эълон карданд


Дар маҳбасхонаи №27 дар вилояти Чуйи Қирғизистон 59 зиндонӣ аз рӯзи 5 июн гуруснанишинӣ эълон карданд.

Ба иттилои Хадамоти давлатии иҷрои ҷазои Қирғизистон, онҳо аз низоми нигаҳдорӣ розӣ нестанд ва талаб доранд, ки дарҳои утоқҳо боз гузошта шаванд. Гуфта мешавад, аз ин шумор 10 зиндонӣ даҳонҳояшонро духтаанд.

Нуриддин Сулаймонов, мудири Маркази миллии пешгирӣ аз шиканҷа гуфт, кормандони марказ ба маҳбаси мазкур рафтаанд. Сулаймонов гуфт, Хадамоти иҷрои ҷазо бояд ин баҳсро дар доираи қонун ҳал кунад.

Дар ҳамин ҳол, наздикони яке аз зиндониҳо гуфт, дар маҷмуъ 75 маҳбус даст ба гуруснашинӣ задаанд. Иқдоми эътирозӣ, ба гуфтаи ин манбаъ, рӯзи чаҳорум аст, ки идома дорад. Ба иттилои манбаъ, кормандони маҳбас зиндониҳоро латту кӯб карда, қабурғаҳои чанд зиндониро шикастаанд. Маҳз ин боис шудааст, ки зиндониҳо гуруснашинӣ кунанд.

XS
SM
MD
LG