Ссылки доступа

Тоҷикистон ҷазо барои порагирӣ ва порадиҳиро сахттар кард


Порлумони Тоҷикистон рӯзи 13-уми июн бо ислоҳи Кодекси ҷиноӣ ҷарима барои “порагирӣ”, “порадиҳӣ” ва таблиғи ришвадиҳӣ дар кишварро лағв кард.

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки таъйини ҷарима ба ҷойи зиндон дар ду соли пеш ба афзоиши ҷиноятҳои коррупсионӣ дар кишвар сабаб шудааст.

Тоҳир Нурзода, муовини раиси Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, рӯзи 13-уми июн дар ҷаласаи порлумон гуфт, “омор ва таҷрибаи корӣ нишон дод, ки дар ду соли охир ҷиноятҳои марбут ба ришвадиҳӣ бештар шудааст. Ин муқаррарот барои бештар шудани чунин ҳолатҳо сабаб гардид. Ба ин далел, бо пешниҳоди Созмони Милали Муттаҳид тасмим шуд, ки ҷазои ҷарима барои чунин ҷиноятҳо аз қонун бардошта шавад.”

Ду сол қабл порлумони Тоҷикистон бо ислоҳи қонуни ҷиноӣ ба афроди ришвагир имкон дода буд, ки як рӯзи ҳабси худро дар ивази 200 сомонӣ ва ҳафт солашонро бар ивази 800 ҳазор сомонӣ “бихаранд”. Он вақт иддае инро зарба ба ҷайби мансабдорон ва роҳи пур кардани буҷети кишвар дониста, бархеи дигар роҳи осонтари халосии масъулон аз ҷавобгарӣ шумурда буданд.

Фасоди молиро дар Тоҷикистон аз мушкилҳои умда арзёбӣ мекунанд, ки монеи рушди кишвар шудааст. Созмони Шаффофияти Байналмилалӣ ё Transparenсy International дар шохиси имсолаи фасоди молӣ Тоҷикистонро дар миёни 180 кишвари дунё дар ҷойи 161-ум қарор дод. Тоҷикистон дар гузориши соли гузаштаи ин созмон дар мақоми 151-ум буд.

XS
SM
MD
LG