Ссылки доступа

Ӯзбекистон бо Толибон гуфтугӯҳои мустақим доштааст


Вазорати умури хориҷии Ӯзбекистон 17 июн бо нашри як баёния хабар дод, ки Тошканд бо ҳаракати Толибон тамосҳоеро ба роҳ монда, бо намояндагони баландпояи он аллакай чанд мулоқоти корӣ анҷом додааст.

Дар баёнияи мазкур дар бораи замон ва макони баргузории гуфтугӯҳо чизе гуфта нашудааст. Ба огаҳии вазорат, ин гуфтугӯҳо дар асоси созишномае баргузор шуданд, ки дар ҷараёни конфронси байналмилалии масъалаҳои Афғонистон 27 март дар шаҳри Тошканд ба миён омада буд.

Ҳамчунин хабар дода шудааст, ки ҷониби Ӯзбекистон тайи ин муддат бо намояндагони Амрико, Чин, Русия, Гурӯҳи ҷаҳонии тамос, кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Ховари Миёна мулоқотҳои машваратиеро дар мавриди Афғонистон анҷом додааст.

Ҳукумати Ӯзбекистон аз оташбаси эълонкардаи ҳукумати Афғонистону Толибон бахшида ба Иди фитр истиқбол намуда, изҳори умед кардааст, ки он баъд аз тамдид шуданаш аз сӯи президент Ашраф Ғанӣ ҳолати доимӣ хоҳад гирифт.

Вале намояндагони Толибон ҳанӯз пеш аз поёни рӯзҳои ид гуфтанд, ки хостори дароз кардани оташбас нестанд.

XS
SM
MD
LG