Ссылки доступа

Зокир Алиев - шаҳрванди ИМА - дар Ӯзбекистон ба терроризм гумонбар мешавад


Хадамоти амнияти давлатии Ӯзбекистон боздошти шаҳрванди ИМА Зокир Алиевро шарҳ дод.

Ба иттилои мақомоти Ӯзбекистон, Зокир Алиев бо айби ҳамкорӣ бо "Ҳаракати исломии Ӯзбекистон", ки мамнуъ эълон шудааст, ҳадафи пайгарди ҷиноист.

"Зокир Алиев эътироф кард, ки фаъолияти ғайриқонунӣ дошт. Вай соли 2000 бо "Ҳаракати исломии Ӯзбекистон" байъат карда, дар Афғонистон омодагии низомӣ дида ва зидди ҳукумати ин кишвар ҷангидааст. Мақомоти Ӯзбекистон соли 2005 дар асоси шоҳидии аъзои дигари "Ҳаракати исломии Ӯзбекистон" зидди Алиев парванда боз кардаанд", - омадааст дар хабари мақомоти Ӯзбекистон.

Пештар аз ин хабар расид, ки зодаи 46-солаи вилояти Қашқадарёи Ӯзбекистон Зокир Алиев 16 июн аз сӯи мақомот боздошт шудааст. Вай барои аёдати наздиконаш ба Ӯзбекистон омада буд.

XS
SM
MD
LG