Ссылки доступа

Тирпаронӣ дар идораи Capital Gazette дар ИМА: 5 кас ҷон бохт


Дар шаҳри Аннаполиси аёлати Мэриленди ИМА, дар идораи нашрияи Capital Gazette тирпаронӣ сурат гирифт. Дар натиҷа 5 кас кушта ва чанд тан сахт захмӣ шуданд.

Гумонбар боздошт шудааст. Ба иттилои расонаҳо, ӯ 20 сол дошта, бо худ ягон ҳуҷҷат надорад ва аз гуфтани ному насабаш низ худдорӣ мекунад.

Яке аз кормандони Capital Gazette гуфт, ҳамлагар аз паси дари шишагӣ ба сӯи кормандони нашрия оташ кушод.

Дар ҳоли ҳозир, сабабҳои ҳодиса маълум нест ва тафтишот низ идома дорад.

XS
SM
MD
LG