Ссылки доступа

Додгоҳи Самарқанд ба тахриби бинои таърихӣ иҷозат надод (видео)


Дар Ӯзбекистон Додгоҳи вилоятии Самарқанд 28 июн қарори ҷудо кардани қитъаи замин ба ширкати "Max Real Stroy Invest"-ро дар кӯчаи Пушкини шаҳр, ки дар он биное зери сарпарастии ЮНЕСКО қарор дорад, бекор кард.

Ҳукми нав дар ҳоле садо медиҳад, ки Додгоҳи шаҳри Самарқанд пештар ба нафъи ширкати Max Real Stroy Invest қарор содир карда, ба оғози корҳои сохтмонӣ дар кӯчаи мазкур иҷозат дода буд.

"Вале акнун бинои №3, ки дар кӯчаи Пушкин ҷойгир аст, тахриб нахоҳад шуд. Қарори раиси шаҳр дар бораи ҷудо кардани қитъаи замини мазкур ба ширкат беэътибор дониста шуд", - гуфт сухангӯйи додгоҳ.

Акмал Узаков, соҳибкори 44-сола аз Самарқанд, ки соҳиби бинои мазкури таърихӣ аст, гуфт, сафари ахири сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орифов ба ин минтақа натиҷаи мусбат дод. "То ҳол намефаҳмам, чи тавр раиси шаҳр ба тахриби бинои таърихие иҷозат дод, ки соли 1906 бунёд шудааст", - изҳор дошт ӯ.

Пештар расонаҳо хабар доданд, ки раиси Самарқанд ба қатъи сохтмони 34 иншоот дар қисмати аврупоии шаҳр дастур додааст. Дар ин қисмат биноҳои таърихие ҷойгиранд, ки зери сарпарастии ЮНЕСКО қарор доранд. Орифов низ 23 июн аз Самарқанд боздид карда, дастур дод, ки тамоми сохтмонҳо дар бахши қадимии шаҳр қатъ шаванд.

Самаркандский суд спас от сноса дом с более чем вековой историей
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:03:39 0:00

XS
SM
MD
LG