Ссылки доступа

Кишоварзони туркман дастгирии давлатро ҳалкунанда медонанд


Дар Туркманистон кишоварзони вилоятҳои Лебап ва Дашоғуз шикоят доранд, ки барои кишти пахта кумакҳои заруриро аз ҷониби давлат сари вақт дарёфт намекунанд.

"Имсол барои парвариши пахта ҳеч гуна доруҳои минералӣ надоданд. Аллакай моҳи июл наздик шудааст, вале кишоварзон ҳанӯз ҳам доруҳои минералиро дарёфт накардаанд", - иттилоъ медиҳад хабарнигори Бахши туркмании Радиои Озодӣ бо истинод ба сокинони маҳаллӣ.

Ба гуфтаи ӯ, имрӯзҳо дар тамоми ноҳияҳои Дашоғуз норасоии техникаҳои кишоварзӣ мушоҳида мешавад.

"Имсол мансабдорон дар ноҳияҳо садҳо ҳектар заминро пахта кишт кардаанд ва ҳоло техникаҳои кишоварзиву доруҳои минералиро нахуст ба заминҳои худ мебаранд ва деҳқонҳои оддӣ чун ҳарсола бе ҳеч чиз мемонанд. Мансабдорони вилоятӣ ва ноҳиявие, ки сари вақт доруҳои минералӣ ва техникаи кишоварзиро пешниҳод намекунанд, кишоварзонро маҷбур доранд, ки бо хоҳиши худ аз заминҳо даст кашанд", - афзудааст хабарнигор.

Дар Туркманистон замони кишту ҷамъоварии ҳосили пахта ва гандум, ҳамчунин фарҳанги парвариши онҳо чанд сол аст, дар сатҳи раҳбарияти давлат муайян карда мешавад. Дар сурати иҷро нашудани нақшаи давлатӣ, мансабдорон танбеҳ гирифта, бархеашон аз мақомҳои худ барканор мешаванд.

XS
SM
MD
LG