Ссылки доступа

Ду ноболиғи тоҷик аз Ироқ ба Тоҷикистон оварда шуданд


Мақомоти тоҷик аз баргардонидани боз ду ноболиғи тоҷик аз Ироқ ба Тоҷикистон, хабар доданд. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ки ин ду ноболиғ субҳи 28-уми июн ба ватан оварда шуданд. Қаблан вазорати хориҷии Тоҷикистон аз оварда шудани 8 кӯдаки тоҷик аз Ироқ хабар дода буд.​

Як манбаъ дар вазорати умури хориҷии Тоҷикистон рӯзи 29-уми июн гуфт, ки баргардонидани ин ноболиғон дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои зидахли Ироқ муяссар шудааст. Аммо вазорати умури хориҷии Тоҷикистон "бо дарназардошти зарурати ҳимояти ҳуқуқи атфол ва риояи ҷанбаҳои ахлоқӣ", аз ифшо намудани номи афроди бозгардонидашуда ва пешниҳоди маълумоти бештар, худдорӣ кард.

Қаблан манобеъ дар ҳукумати Тоҷикистон гуфта буданд, ки додгоҳе дар шаҳри Бағдод иҷоза дод, ки як духтари 17-солаи тоҷик ҳамроҳ бо тифли навзодаш аз Ироқ хориҷ шавад ва қарори додгоҳ рӯзи 27-уми июн содир шуда, модару кӯдак рӯи панҷшанбеи 28-уми июн ба Тоҷикистон бармегарданд. Ин манбаъ гуфта буд, ки намояндаҳои кишвар дар додгоҳ иштирок доштанд ва аз ҳуқуқи ӯ ҳимоя карданд.

Зимнан, шахсияти 10 кӯдаки дигари тоҷик, ки падару модарро дар ҷангҳои Ироқ аз даст додаанд, ба мақомоти тоҷик маълум шудааст. Манбаъ гуфт, теъдоди кӯдакони ятими тоҷик дар Бағдод ба 20-25 нафар мерасад. Додгоҳҳои Ироқ дар чанд моҳи охир беш аз 20 парвандаи занони тоҷикро баррасӣ кард, ки аксаран бо худ кӯдак доштанд. Онҳо ба ҳамкорӣ ва ҳамзистӣ бо гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” муттаҳам мешаванд.

XS
SM
MD
LG