Ссылки доступа

Роҳбарони Иттиҳоди Аврупо сиёсати муҳоҷиратро ҳамоҳанг карданд


Роҳбарони кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо дар саммити Брюссел дар мавриди сиёсати ягонаи қабули муҳоҷирон ба созиш расиданд. Дар ин бора раиси Шӯрои Иттиҳоди Аврупо Доналд Туск хабар дод.

Сарвазири Италия Ҷузеппи Конте, ки пештар қабули чунин ҳуҷҷатро рад карда буд, ҳамакнун баъди гуфтугӯи қариб даҳсоата розӣ шуд, ки зери он имзо гузорад. Дар созишнома зикр шудааст, ки кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таври ихтиёрӣ муҳоҷиронро мепазиранд.

Ислоҳоти сиёсати муҳоҷиратро Италия пешниҳод карда буд. Бино бар қонунҳои мавҷуда, дар ҳудуди Иттиҳоди Аврупо масъулияти муҳоҷиронро кишваре бар душ дорад, ки муҳоҷир онҷо сабти ном шудааст. Ба ин далел, масъулияти зиёдтар рӯи шонаҳои кишварҳои Аврупои Ҷанубӣ афтодааст. 11 июн мақомоти Италия аз қабули киштиҳои ҳомили муҳоҷирон худдорӣ карданд. Роҳбарони Фаронсаву Испания ин тасмими Италияро танқид карданд. Эммануэл Макрон, президенти Фаронса гуфт, ки буҳрони муҳоҷирати Иттиҳоди Аврупо ба буҳрони сиёсӣ табдил шудааст.

Баъди имзои созишнома Макрон гуфт, Аврупо маҷбур аст, зери фишори муҳоҷират замони тӯлониеро таҳаммул кунад. "Имрӯз ҳамкорӣ миёни кишварҳои Аврупо пирӯз шуд", - гуфт Макрон.

XS
SM
MD
LG