Ссылки доступа

Қазоқистон истирдоди тоҷир Ертаевро аз Москва талаб дорад


Додситонии кулли Қазоқистон хабар дод, ки ҳаққи истиқомати тоҷири қазоқ Жомарт Ертаев дар Русия бекор карда шуд.

Қазоқистон талош дорад, Ертаевро ба кишвар истирдод кунанд. Ӯро дар Қазоқистон дар дуздии миллионҳо доллари Bank RBK гумонбар медонанд.

Додгоҳи ноҳияи Преснени шаҳри Москва 14 июн ҳабси хонагии Ертаевро бо дархости Додситонии кулли Қазоқистон то 8 ноябр тамдид кард. Додситонӣ хабар медиҳад, ки дар Қазоқистон барои истирдоди вай "чораҷӯиҳо" идома доранд.

Жомарт Ертаеви 45-сола ибтидои моҳи май аз сӯи мақомоти қудратии Русия боздошт шуд. Қазоқистон Ертаевро расман ба "қаллобӣ" гунаҳкор мекунад. Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон хабар дод, ки Ертаев замони мушовири раиси шӯрои мудирони Bank RBK буданаш, бо роҳи қаллобӣ бештар аз 80 миллион долларро рабудааст.

Аммо Жомарт Ертаев мегӯяд, ҳаргиз дар Bank RBK кор накардааст. Нашрияи "Коммерсант"-и Русия аз қавли Жомарт Ертаев навишт, ки таъқиби вай ангезаи сиёсӣ дорад.

XS
SM
MD
LG