Ссылки доступа

Дар сӯхтори "Султони Кабир" се нафар айбдор мешаванд


Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон се масъули бозори “Султони Кабир”-ро дар сӯхтори шаби 2-юми июн муттаҳам карда, нисбат ба онҳо парвандаи ҷиноӣ боз намудаанд. Як манбаъ дар Раёсати оташнишонии Душанбе гуфт, ин афрод ба “бемасъулиятӣ” гумонбаранд.

Бар асари сӯхтор 21 дӯкону анборҳои бозори “Султони Кабир” ба коми оташ рафт. Мақомот ҳаҷми зарарро беш аз 3,5 миллион сомонӣ ҳисоб кардаанд.

Як мақоми Раёсати оташнишонии шаҳри Душанбе рӯзи 30-юми июн бо шарти ифшо нашудани номаш гуфт, се масъули бозори “Султони Кабир” пас аз анҷоми таҳқиқи сабабҳои сар задани сӯхтор ба ҷавобгарӣ кашида шуданд. Ба қавли манбаъ, алайҳи ин се нафар бо моддаи 256-и Кодекси ҷиноӣ ё аз беэҳтиётӣ несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк парванда боз шудааст. Дар сурати исботи ҷурм ин афродро аз 12500 сомонӣ ҷарима то ду соли зиндон таҳдид мекунад.

Мусоҳиби мо дар Раёсати оташнишонии Душанбе гуфт, тибқи қонун ҳақ надорад, то анҷоми тафтишот аз ин се масъули бозори “Султони Кабир” ном барад. Танҳо афзуд, ин се нафар масъули бахши бехатарӣ ва барқ дар бозори “Султони Кабир” мебошанд. “Чанд моҳ пеш аз сар задани сӯхтор кормандони хадамоти оташнишонӣ дар “Султони Кабир” санҷиш гузаронда, онҳоро барои бартараф кардани қоидаҳои бехатарӣ огоҳ карданд. Ҳатто маводи маъмурӣ низ тартиб дода, супориш доданд, ки камбудҳоро бартараф кунед. Аммо ин се нафар хунукназарӣ карда, камбудҳоро бартараф накарданд ва дар натиҷа сӯхтор сар зад”, - афзуд манбаъ.

Ин масъули идораи оташнишонӣ гуфт, як иттиҳоми аслӣ алайҳи се масъули “Султони Кабир” ин аст, ки онҳо шаби сӯхтор “шит”-и калонро аз барқ ҷудо накардаанд. Иттиҳоме, ки бояд дар додгоҳ собит шавад.

Мақомот дар ҳоле се масъули “Султони Кабир”-ро ба ҷавобгарӣ мекашанд, ки соҳибкорони зарардидаи бозор мегӯянд, ба ҷойи ин кор беҳтар аст ба онҳо кумаки амалӣ расонда шавад. Соҳибкорони ин бозор мегӯянд, аз сӯхтор қариб як моҳ мегузарад, вале то ба ҳол мағозаҳои сӯхта дубора ба онҳо супурда нашудааст.

Сабабҳои сар задани сӯхтор дар ин бозор расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ арзёбӣ мешавад. Султон Кабиров, мудири бозори “Султони Кабир” мегӯяд, чораҳои бехатариро дар бозор пурзӯр карда, талош доранд дастаи махсуси оташнишонӣ таъсис диҳанд.

XS
SM
MD
LG