Ссылки доступа

Бозхонди сафири Фаронса аз Маҷористон барои ҷонибдории сиёсатҳои Будапешт


Эммануэл Макрон
Эммануэл Макрон

Президенти Фаронса Эммануэл Макрон сафири ин кишвар дар Маҷористон Эрик Фурнеро бозхонд кард. Сафир баъд аз расонаӣ шудани мукотибаи пинҳониаш бо Макрон барканор шуд.

Номаи хидматие, ки сафир Фурне ба президент, Вазорати умури хориҷии Фаронса ва раҳбарияти сохторҳои Иттиҳоди Аврупо навишта буд, ба дасти расонаи маъруфи фаронсавӣ Mediapart расид ва 18 июн нашр гашт. Дипломат дар нома навиштааст, ки бархӯрди мақомоти Маҷористонро ба ҳалли мушкили муҳоҷират "намунавӣ" меҳисобад.

Фурне гуфтааст, маҷористониҳо мушкилеро, ки мавҷи муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар пай доранд, пешакӣ тавонистанд дарк кунанд. Mediapart мегӯяд, сафири Фаронса дар бораи бунёди девор дар марзи Маҷористон ва қонунҳое, ки ба маъмурони ҳифзи ҳуқуқи ин кишвар иҷозат медиҳанд, муҳоҷиронро бо тирҳои резинӣ паронанд, чизе нанавиштааст.

Ҳамчунин Фурне аз тағйирот ба Конститутсияи Маҷористон ҷонибдорӣ кардааст, ки маскун кардани "миллатҳои хориҷӣ"-ро манъ карда, ниҳодҳои давлатиро вазифадор мекунад, ки "фарҳанги масеҳиёнро ҳифз кунанд".

Сафир дар номаи худ айбҳоеро, ки зидди Будапешт дар Аврупо бештар садо медиҳанд, натиҷаи "маҷорбадбинӣ" номида, ба худдорӣ аз чораҳои фишоровар зидди Маҷористон даъват кардааст.

XS
SM
MD
LG