Ссылки доступа

Мунтахаби Русия ба даври чаҳоряк-финали ҶҶ-2018 роҳ ёфт (видео)


Дастаи мунтахаби футболи Русия дар даври ҳаштяк-финали Ҷоми ҷаҳонии футбол-2018 тими Испанияро шикаст дод. Бозии ду даста бо ҳисоби 1:1 ба поён расид, вале русҳо дар зарбаҳои ҷаримавӣ пирӯзӣ ба даст оварданд.

Тими милли Русия аз даврони шӯравӣ ба ин сӯ бори нахуст аст, ки ба даври чаҳоряк-финали Ҷоми ҷаҳонии футбол роҳ меёбад.

Дар дақиқаҳои аввали бозӣ тӯбро варзишгарони Испания дар даст доштанд, вале дар дақиқаи 12-ум футболбози рус Сергей Игнашевич ба хатогӣ роҳ дода, тӯбро ба дарвозаи дастаи худ ворид кард. Дар дақиқаи 42-ум русҳо бо задани зарбаи ҷаримавӣ, ки онро Артем Дзюба анҷом дод, ҳисобро баробар карданд.

Дастаи Русия дар даври чаҳоряк-финал бо тими Хорватия рақобат хоҳад кард.

Нигористон

XS
SM
MD
LG