Ссылки доступа

Фаъоли қазоқ Тунгишбоев ду моҳ ба ҳабс гирифта шуд


Муродбек Тунгишбоев, фаъоли шаҳрвандӣ ва блогнависи қазоқ, ки аз Қирғизистон ба Қазоқистон истирдод шуд, то ду моҳи оянда ба ҳабс гирифта шуд. Қазоқистон Тунгишбоевро дар ҳамкорӣ бо ҳаракати мамнуи "Интихоби демократии Қазоқистон" гумонбар медонад.

"Ба гуфтаи муфаттиш, вай ҳабси хонагии Тунгишбоевро мехост. Додгоҳи ноҳияи Алмалин низ ҳукми ҳабси хонагии Тунгишбоевро содир кард. Аммо баъдтар додситонӣ шикоят бурд ва додгоҳи шаҳрӣ Муродбек Тунгишбоевро ба маҳбас фиристод", - гуфт вакили дифои Тунгишбоев Гулнора Жуаспаева.

Пештар аз ин фаъолони шаҳрвандии қирғиз, ки дар баҳсҳои додгоҳии Тунгишбоев дар шаҳри Бишкек ширкат карданд, гуфтанд, ҷониби Қазоқистон ваъда кард, ки фаъоли қазоқро танҳо аз рӯи як модда - ширкат дар созмони иҷтимоӣ ё динние, ки бо қарори додгоҳ фаъолияташ манъ шудааст - ба ҷавобгарӣ ҷалб мекунад. Вакили дифоъ Жуаспаева гуфт, дар айни ҳол нафари таҳти ҳимояти вай бар асоси як модда гумонбар мешавад.

Қирғизистон рӯзи 26 июн Тунгишбоевро ба Қазоқистон истирдод кард. Созмонҳои байналхалқии ҳомии ҳуқуқ аз Бишкек хоста буданд, ки ин фаъолро ба Қазоқистон истирдод накунад, зеро эҳтимол дорад, ӯро дар кишвараш шиканҷа ва таъқиби сиёсӣ кунанд.

Муродбек Тунгишбоев, ки солҳои охир дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон зиндагӣ мекард, дар ҳамкорӣ бо ҳаракати мамнуи "Интихоби демокртаии Қазоқистон" гумонбар мешавад. Аммо Тунгишбоев ҳамкориашро бо ҳаракати мазкур рад мекунад.

XS
SM
MD
LG