Ссылки доступа

Дар занозании тоҷикону ӯзбекон дар Петербург ду муҳоҷир захмӣ шуд (видео)


Дар як сохтмон дар ноҳияи Виборги шаҳри Санкт-Петербурги Русия миёни муҳоҷирон занозанӣ шуд. Ба навиштаи расонаҳои маҳаллӣ, дар натиҷа ду муҳоҷир бо ҷароҳатҳои вазнин дар бемористон бистарӣ шуданд.

Нашрияи "Фонтанка" навишт, ки низоъ байни муҳоҷирони Тоҷикистону Ӯзбекистон рух додааст.

Дар навор дида мешавад, ки наздики сад муҳоҷири меҳнатӣ миёни деворҳои сохтмон ҷасту хез доранд ва як гуруҳи дигар онҳоро сангборон мекунанд.

Баъдтар як ҷавони 18-сола аз Тоҷикистон ва як марди 37-сола аз Ӯзбекистон бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон интиқол дода шуд.

Шоми он рӯз 30 иштирокчии ин занозанӣ ба идораи пулис бурда шуданд. 26 тан аз онҳо шаҳрвандони Ӯзбекистон, 2 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ва яке шаҳрванди Озарбойҷон аст. Қисме аз онҳо ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб шуданд.

"Зидди 11 нафар бо айби майдаавбошӣ парванда боз шуд", - хабар доданд аз мақомоти Санкт-Петербург.

Ба гуфтаи як манбаъ, сабаби низоъ напардохтани музди меҳнати муҳоҷирон буд. Гуфта мешавад, низоъ баъди он бархост, ки як гуруҳ аз муҳоҷирони меҳнатӣ бо нишони эътироз корпартоӣ карданд.

"Ҷонибдори иқдоми эътирозӣ бо сангу чуб муҳоҷиронеро аз ҳудуди сохтмон берун карданд, ки сарфи назар аз корпартоӣ он рӯз ба кор баромада буданд", - гуфт манбаъ.

XS
SM
MD
LG