Ссылки доступа

Бердимуҳаммадов аз Мирзиёев даъват кард, моҳи август ба Ишқобод биёяд


Президентҳои Ӯзбекистону Туркманистон Шавкат Мирзиёев ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов гуфтугӯи телефонӣ карданд.

"Ба фаъолиятҳои президенти Туркманистон дар самти таъмини амният ва устувории минтақаи Осиёи Марказӣ, рушди ҳамлу нақл ва зерсохтори энержӣ, дар бахши истифодаи оқилонаи об, тарғиби варзиш ва ғайра баҳои балан дода шуд", - хабар дод маркази матбуотии президенти Ӯзбекистон.

Дар рафти гуфтугӯ ҳамкориҳои оянда дар бахши тиҷорат, истеҳсолоти муштарак, энержӣ, рушди иртибототи муассири нақлиётӣ ва транзитӣ ва ғайра баррасӣ гардид.

Президенти Туркманистон аз ҳамтои ӯзбекаш даъват кард, ки дар саммити сарони давлатҳои муассиси Бунёди байналхалқии наҷоти Арал иштирок кунад. Ин саммит қарор аст, моҳи август дар шаҳри Ишқободи Туркманистон баргузор шавад.

XS
SM
MD
LG