Ссылки доступа

Чехия Чаплинскийро баъд аз 7 сол ба Қазоқистон таслим кард


Додситонии кулли Қазоқистон мегӯяд, Чехия шаҳрванди боздоштшудаи ин кишвар Владимир Чаплинскийро, ки бо ҷурми қаллобӣ ҷустуҷӯ мешуд, ба ватанаш истирдод кард.

“Боздоштшуда соли 2007 ҳамчун мудири вақти ширкати "Агат-7" бо ниҳоди давлатие барои бунёди мактабҳо дар Балхаш созишнома имзо карда, бо истифода аз мансаби худ ва ироаи нишондодҳои дуруғ беш аз 39 миллион танга (114 ҳазор доллар)-ро аз худ кардааст”, - омадааст дар иттилоияи додситонӣ.

Ба огаҳии Додситонии кулли Қазоқистон, Чаплинский баъд аз гирифтани пул пинҳон гашт ва дар натиҷа таҳти пайгард қарор дода шуд. Додситонӣ барои истирдоди ӯ аз Чехия ба ватан 7 сол талош кардааст.

Дар ҳоли ҳозир, Владимир Чаплинский дар боздоштгоҳи муваққатие дар шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон қарор дорад.

XS
SM
MD
LG