Ссылки доступа

Мансабдори ӯзбек барои дашноми зертобеонаш барканор шуд


Дар вилояти Намангони Ӯзбекистон сардори Бюрои иҷрои иҷбории ноҳияи Уйчин Шералӣ Мамаризоевро баъд аз нашри матлаб дар бораи он ки зертобеонашро бо қабеҳтарин алфоз дашном медиҳад, аз мақом барканор карданд.

Бахши ӯзбекии Радиои Озодӣ ахиран шикояти як гуруҳи кормандони Бюрои иҷрои иҷбории Уйчинро нашр кард, ки гуфтанд, Мамаризоев онҳоро ҳамеша дашном дода, “бадзоту нокас ва палид” меномад.

Гуруҳи кормандони бюро барои исботи худ се навореро ҳам ироа карданд, ки аз ҷаласаҳои гуногуни Мамаризоев сабт шудаанд.

Ба гуфтаи кормандони бюро, онҳо моҳи ферал аз болои сардори худ расман ба қабулгоҳи ба истилоҳ "маҷозӣ"-и президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев шикоят карда буданд.

Як корманди Бюрои иҷрои иҷбории Уйчун 30 июн гуфт, баъд аз нашри матлаб чанде аз пирони ноҳия ба назди сардори бюро омада хостанд, дашномдиҳии худро шарҳ диҳад.

“Як-ду мӯйсафед ҳатто бо асои худ Мамаризоевро заданд. Пас аз ин чанд муддат аст, Мамаризоев наменамоид. Вазифаҳои ӯро муовинаш иҷро мекард ва ҳафтаи гузашта аз Бюрои вилоятӣ омада, сардори навро шиносонданд. То ҳол аз Мамаризоев дараке нест”, - афзуд ҳамсуҳбати мо.

XS
SM
MD
LG