Ссылки доступа

Нишасти изтирории ҳавопаймои "Тоҷик эйр" дар Москва


Ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик эйр” гуфт, як ҳавопаймоимусофирбари он баъди парвоз аз шаҳри Москва ба мушкили фаннӣ гирифтор шуда, вале амну  беосеб ба фурудгоҳ баргаштааст.

Дафтари матбуоти ширкат субҳи 2-уми июл бо пахши як баёнияи расмӣ гуфт, “сабаби фуруди изтирорӣ коҳиши фишор дар дохили ҳавопаймо будааст”. Ҳавопаймои хатсайри Москва-Хуҷанд бо 141 мусофир соати дуи бомдоди рӯзи 2-уми июл аз фурудгоҳи Домодедовои Москва парвоз кардааст, вале баъд аз чанд дақиқаи парвоз ба ҳамин фурудгоҳ баргаштааст.

Хабаргузории "ИТАР ТАСС" навиштааст, ки ҳавопаймои Боинг 737-300 барои камтар кардани маводи сӯхт, дар фазо давр зада ва ба фурудгоҳ баргаштааст. "Тоҷик Эйр" мегӯяд, баъд аз анҷом ташхис ҳавопаймои Boeing 737-300 аз Москва ба самти Хуҷанд парвоз мекунад.

Хадамоти матбуоти ширкати "Тоҷик Эйр" навишт, ки "ҳамаи мусофирони ҳавопаймо дар меҳмонхона ҷойгир карда шудаанд ва бо хӯрок таъмин ҳастанд." Дар баёнияи ширкат омадааст, муҳандисони тоҷик барои муоинаи ҳавопаймо ва маълум кардани мушкили фаннӣ ба Москва рафтаанд ва маълумоти комил ба зудӣ ироа мешавад.

XS
SM
MD
LG